ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Бар асоси дастури Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, гурӯҳи толибон дар расонаҳои “Мобӣ групп", монанди телевизиони “Тулуъ”, "Лемар" ва бархе расонаҳои дигар аз шаби гузашта пахши сериалҳои хориҷиро манъ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан дар Афғонистон пахши сериалҳо, таронаҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра манъ шуда буд.
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки фаъолияти синамои Афғонистон солҳо боз чандон хуб набуд, ки ҷои онро сериалҳои хориҷӣ дар телевизионҳои ин кишвар гирифтанд.
Бо ин бештари расонаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, теъдоди зиёди кормандон ва тарҷумонон, ки маоши кам мегирифтанд, ихтисор хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин раванд боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.
Дар ниҳоят низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ авохири моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.