Идомаи гароншавии рублу коҳиши доллар: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон қурби пули русӣ давоми як шабонарӯз то се сомонӣ гарон шуд, аммо аз доллар каме поин омадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро эълон кард, ки тибқи он, қурби рубл каме боло рафтаву аз доллар коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 122 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нишондод нисбат ба як рӯз қабл се сомонӣ (119 сомонӣ) бештар аст.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, бетағйир монда, як евро баробар ба 14,3 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устувор аст. Қурби 1 доллар дар бозори арзи кишвар 13 сомонӣ пешгӯӣ шудааст.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон пас аз наздик ба ду ҳафта, ки якбора 170 сомонӣ гарон шуд, каме поин рафтааст. Ҳоло як доллар дар кишвар 12, 9600 сомонӣ аст.
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар нишондиҳандаҳои болотар қарор додаанд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла дар бонки "Эсхата" 1000 рубл 125 -127 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1000 рубл аз 125 то 130 ва дар "Алифбонк" аз 125 то 134 сомонӣ нишон дода шудааст.
Танҳо дар "Орёнбонк" пули русиро арзонтар аз дигарон мехаранд. Ин бонк 1000 рублро дар харидуфурӯш аз 118 то 130 сомонӣ муқаррар кардааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.