ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии "Тоскулоҳи бузург", ки дар дар шаҳри Анталияи Туркия барпо мегардад, шаш паҳлавон намояндагӣ мекунад.
"Тоскулоҳи бузурги Анталия" аз 1 то 3-юми апрел баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи Байналмилалии Ҷудо.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 458 паҳлавон, аз ҷумла 277 мард ва 181 зан аз 62 кишвари ҷаҳон дширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир муаррифӣ мекунанд.
Ба ҳамин тартиб Абубакр Шеров ва Шаҳбоз Саидаброров (66 кг) дар рӯзи аввали рақобатҳо ба майдон хоҳанд баромад.
Сомон Маҳмадбеков (73 кг) бошад, дар рӯзи дувуми мусобиқа қувва меозмояд.
Дар рӯзи ихтитом, ки 3 апрел аст, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), инчунин Абубакри Акобир ( то 100 кг) вориди рақобат хоҳанд шуд.
Бар иловаи медалҳо ҷудокороне, ки ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд, 5000 доллари ИМА ва ҷойҳои 2 ва 3-юм ба маблағи 3000 ва 1500 доллар мукофотҳои пулӣ хоҳанд гирифт.
Мавриди зикр аст, ки қаблан паҳлавонони тоҷик дар "Grand Prix Portugal 2022", "Paris Grand Slam 2022", “Tel Aviv Grand Slam 2022”, "Tunis African Open 2022" ширкат карда буданд.