ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон Барномаи рушди соҳибкорӣ миёни занон таҳия хоҳад шуд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар иттилоъ дод.
Тайи ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ байни занону ҷавонон баррасӣ шуд.
Дар ин робита ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи нави Барномаи рушди соҳибкории занон то соли 2030-ро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд.
Ғайр аз ин Бунёди дастгирии инноватсия ва барномаҳои нав миёни ҷавонон, ки аз ҳисоби маблағгузорӣ ташкил карда мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсад дастур дода шуд, ки масъалаҳои марбут ба такмили минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавононро ҳамаҷониба таҳлил карда, баъд аз он натиҷааш бо тавсияву пешниҳодҳои мушаххас барои ҷаласаҳои минбаъдаи шӯро пешниҳод карда шавад.
Масъалаи пеш аз муҳлат таҳия ва қабули Қонун "Дар бораи тиҷорати электронӣ" низ ба миён гузошта шуд.
Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи стратегияи рушди ин соҳаро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.