ДУШАНБЕ, 17 март — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар бораи чораҳои дастгирии минтақаҳо ҷаласа баргузор кард. Вай суханронии худро аз шарҳи сабабҳои баргузории амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украина оғоз кард.
Раҳбари Русия ёдовар шуд, ки Киев ҳалли мусолиматомези буҳрон дар Донбассро, ки аҳолии он ҳашт сол боз зери наслкушии воқеӣ қарор дорад, нахостааст.
"Ин кумаки мардуми мо ба Донбасс аст, ки тақрибан ҳашт сол боз бо усулҳои ваҳшиёнатарин: муҳосира, амалҳои густурдаи муҷозотӣ, ҳамлаҳои террористӣ ва тирпаронии доимии тӯпхонаӣ ба наслкушии воқеӣ гирифтор шудааст",- гуфт президент.
Путин афзуд, дар ояндаи наздик Киев метавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, ки ҳадаф аз он Русия хоҳад буд.
"Изҳороти мақомоти Киев дар бораи нияти эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ва мошинҳои интиқоли онҳо буданд. Ин як таҳдиди воқеӣ буд", - шарҳ дод раҳбари Кремл.
Дар робита ба ҷараёни амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс Путин гуфт, ки иқдом тибқи нақшаҳои тасдиқшуда ҷараён дорад.
Раисҷумҳур гуфт, қабл аз оғози амалиёт аз мақомоти Украина дархост шуда буд, ки нерӯҳояшонро аз қаламравҳои Донбасс берун кунанд.
"Дар оғози амалиёт дар Донбасс аз мақомоти Киев бо роҳҳои гуногун ба хотири пешгирӣ аз хунрезиҳои бемаънӣ хоста шуд, ки ба амалиёти ҷангӣ даст назананд, балки фақат нерӯҳои худро аз Донбасс берун баранд. Онҳо намехостанд, аммо хуб, ин тасмими онҳост”, - афзуд раҳбари Русия.
Вай таъкид кард, ки зуҳури нерӯҳои Русия дар наздикии Киев ба қасди ишғоли Украина рабт надорад. Раҳбари Русия ҳамчунин ба шабакаи озмоишгоҳҳои биологии амрикоӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги Украина ҷойгиранд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.
"Дар Украина як шабакаи ташхисгоҳҳо низ фаъолият мекард, ки дар он ҷо таҳти роҳбарии ва дастгирии молиявии Пентагон барномаҳои биологии ҳарбӣ, аз ҷумла таҷрибаҳо бо намунаҳои коронавирус, сӯхтанӣ, вабо, вабои африқоии хук ва дигар бемориҳои марговар амалӣ карда шуданд", - гуфт Путин гуфт.
Вай қайд кард, ки ҳоло мақомоти Киев талош мекунанд, ки осори ин барномаҳоро пӯшонанд. Ба бовари президент, тактикаи Вазорати дифои Русия дар Украина дуруст будани худро комилан нишон дод.
"Ҷавонон, сарбозон ва афсарони мо мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Онҳо тамоми корро мекунанд, то мардуми осоиштаи шаҳрҳои Украина талафот надиҳад", - таъкид кард раҳбари Русия.
Ба гуфтаи Путин, агар амалиёти вижа танҳо дар қаламрави Донбасс анҷом мешуд, Русия наметавонист таҳдидро аз байн барад.
Федератсияи Русия, бино ба изҳороти сарвари давлат, тавонист аз нақшаҳои Украина барои ҳамлаи густарда ба Донбасс ва сипас ба Қрим ҷилавгирӣ кунад.
"Мехоҳам қайд намоям, ки Украина бо ташвиқи Иёлоти Муттаҳида ва як қатор кишварҳои ғарбӣ, ҳадафмандона ба сенарияи низомӣ омода шуд. Қатли оми хунин ва поккории қавмӣ дар Донбасс, ҳамлаҳои густарда ба Донбасс ва баъдан ба Қрим танҳо масъалаи вақт буд", - гуфт ӯ.
Путин ҳамчунин таъкид кард, ин амалиёт то охир идома пайдо хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз чанд мавриди тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ташаннуҷ пайдо кард. Раҳбарони ҶМД ва ҶМЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кӯмак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо, инчунин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24-уми феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс хабар дод.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.