ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо имзои як фармон Валихон Тӯрахоновро сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кардааст.
Бо фармони дигар Аскар Тоҷибоев, ки аз соли 2019 то ҳол сафири Қазоқистон дар Душанбе буд, ба мақоми сафирӣ дар Туркманистон таъйин гардид. Таъйиноти мазкурро дафтари матбуотии президенти Қазоқистон таъйид кардаст.
Бар асоси гузоришҳо, Тӯрахонов Валихон Амирхонулӣ 53 сол дошта, зодаи шаҳри Шимкент мебошад.
Сафири нав хатмкардаи Донишкадаи педагогии Шимкент ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағанда буда, фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори таърих оғоз кардааст.
Зикр шудааст, ки ӯ аз соли 1994 ба фаъолияти дипломатӣ дар раёсати консулӣ гузаштааст.
Сипас мавсуф дар мақомҳои сардори Раёсати кадрҳо, ноиби роҳбари Дастгоҳи ВКХ, мудири Департаменти маъмурӣ ва назорат ва Депортаменти кишварҳои ИДМ кор кардааст.
Дар баробари ин Тӯрахонов дар сафоратҳои Қазоқистон дар Русия ва Ӯзбекистон низ фаъолият кардааст.
Ӯ то мунтасаб шуданаш ба мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон роҳбарии Департаменти кишварҳои Осиёи Марказиро ба уҳда доштааст.