Расонаҳои Амрико аз мушкилзоии Зеленский барои Байден мегӯянд

Рӯзномаи "The Hill" навиштааст, ки раисҷумҳури Украина бо дархости кумакаш ба роҳбари ИМА фишор меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ахиран аз Вашингтон дархости кумак хоҳад кард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА наметавонад онро иҷро кунад, менависад рӯзномаи "The Hill".
“Суханронии Зеленский барои раисҷумҳури Амрико мушкилот эҷод хоҳад кард. Вай ба эҳтимоли зиёд шояд аз Иёлоти Муттаҳида талаб кунад, ки фазои Украинаро мамнуъулпарвоз эълон кунад. Ҳамчунин ӯ аз Байден аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ талаб хоҳад кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Инчунин ин расона ёдрас шудааст, ки Байден мисли аксари қонунгузорони амрикоӣ мухолифи баста шудани фазо аст ва дархостҳои Киев танҳо мушкилоти ӯро афзун мекунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Кохи Сафед иҷоза надод, ки Лаҳистон ба Украина ҷангандаҳои МиГ-29 бидиҳад.
Рӯзи чоршанбе Владимир Зеленский ният дорад, ки дар шакли маҷозӣ дар назди ҳар ду палатаи Конгресси ИМА суханронӣ кунад. Раисҷумҳури Украина дар суҳбати қаблияш бо конгресменҳо аз онҳо даъват кард, ки Русияро аз мақоми муваффақаш дар тиҷорат маҳрум кунанд ва воридоти тамоми маҳсулот аз Русияро таҳрим намоянд.
Зеленский иқрор шуд, ки Украина ба НАТО ворид нахоҳад шуд
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.