ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Алексей Арестович, мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки тавофуқи сулҳи миёни Русия ва Украина дар зудтарин фурсат, дар давоми як-ду ҳафта ва на дертар аз моҳи май ҳосил мешавад.
"Ман фикр мекунам, ки на дертар аз моҳи май ё дар авоили ин моҳ мо бояд ба эҳтимоли зиёд ба як созиш бирасем ва шояд аз ин муҳлат ҳам барвақтар созиш ҳосил шавад", - афзуд Арестович.
Даври чаҳоруми музокироти Русия ва Украина рӯзи душанбе тавассути конфронси видеоӣ баргузор шуд. Пас аз натоиҷи онҳо Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари Зеленский гуфт, ки таваққуфи техникӣ гирифта шудааст ва музокирот рӯзи сешанбе идома хоҳад дошт.
Ҳамзамон раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба Рада лоиҳаи Қонун дар бораи тамдиди ҳолати ҳарбӣ барои 30 рӯзро пешниҳод кард.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.