"Дарранда"-и рус Хирамогомедов даъвои набард бо "Терминатор"-и тоҷикро кард

Варзишкори рус мегӯяд, набард барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо размикори тоҷик ҳаққи ӯст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Гамзат Хирамогомедов, размикори рус, ки бо тахаллуси Дарранда машҳур аст, мегӯяд муборизаи ӯ бо Фаридун Одилов бояд сурат гирад.
Ахиран ширкати "Eagle" FC, варзишкори қазоқ Даврон Ермековро барои набард бо размикори тоҷик Фаридун Одилов, ки дорандаи камрбанди қаҳрамонӣ аст, интихоб кард.
Аммо варзишкори рус бар ин назар аст, ки барои унвони қаҳрамонӣ набард бо Одилов, ки бо тахаллуси Терминатори тоҷик машҳур аст, ҳаққи ӯст.

"Ман ягон сабаберо намебинам, ки чаро он наметавонад доир шавад. Таъкид мекунам, ман ба Одилов ягон суол надорам — ягон чизи шахсӣ дар миён нест. Ба ҷои ӯ метавонист ҳар як муборизи камарбандор бошад. Ҳадафи ман ҷамъоварии камарбандҳост",- гуфтааст Хирамагомедов.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ташкилоти "Eagle" FC ҳаст ва бар ин фикр аст, ки камарбанди миёнавазни ин созмон ба ӯ тааллуқ дорад.
"Тақрибан ду сол ҷанг накардам ва размикорон фурсат доштанд, вале вақти ман фаро расидааст", - мегӯяд размикори рус дар суҳбат бо "Советский спорт" .
Ӯ дар посух ба назари корбарон дар бораи он, ки ҷанг дар ҷиҳати ба даст овардани камарбанд барои ӯ ҳоло барвақт аст, гуфт, дар мусобиқаҳои пурнуфузи Русия ва хориҷ ширкат карда, набардҳои дурахшонро нишон додааст ва таҷрибаи кофӣ дорад.
Баъди ақибнишинии Шмеленко ҳарифи нави Одилов муайян шуд
"Фикр мекунам, ман сазовори набарди унвонӣ ҳастам. Чӣ фарқе дорад, ки камарбанд ба кӣ тааллуқ дорад? Гамзат Хирамогомедов қаҳрамони ояндаи "Eagle" FC дар вазни миёна аст ва ин танҳо ибтидо аст",- гуфтааст ӯ.
Ин варзишкори рус гуфтааст, ки барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ тавоноии кофӣ дорад.
Ёдовар мешавем, набарди навбатии Фаридун Одилов барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ бо Даврон Ермеков 1 апрел дар вилояти Пенза барпо мегардад.
Қаблан мебоист бо Одилов варзишкори дигари рус Шмеленко рақобат кунад, аммо ӯ ин пешниҳодро рад кард.