ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Чин ва баъзе кишварҳои Аврупо ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нави коронавирус, ки он таҳаввули тозае аз навъи омикрон мебошад, ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Чин хабар дод.
"Ба гуфтаи коршиносон, мизони сирояти штамми нав нисбат ба омикрон бештар аст. Ҳангоми сироят беморӣ метавонад ба мушкилиҳои нисбатан вазнин табдил ёбад. Аз ҷумла ҳолатҳои осеб дидани шуш ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Вазорат қайд кард, ки ташхиси ин навъ вирус хеле душвор аст, зеро аксари вақт онро бо санҷиши анъанавии ПСР муайян кардан мумкин нест. Аз ин рӯ VA.2-ро штамми "пинҳон" номидаанд.
Дар ҳамин ҳол дар 24 соати ахир дар Чин дастикам 1500 нафар гирифтори ин навъ беморӣ гардиданд. Аз ҷумла дар музофоти Ҷилин тақрибан 900 нафар ба ин штамм сироят ёфтанд.
Ҳамзамон ҳолатҳои нави беморӣ дар музофотҳои Шанхай ва Шинҷон низ рӯ ба афзоиш аст.
Зимнан штамми VA.2 дар баъзе кишварҳои аврупоӣ низ бо суръат паҳн мешавад. Рӯзҳои охир шумораи сироятҳо дар Британияи Кабир, Белгия, Швейтсария ва Нидерландия якбора афзоиш ёфтааст.