Яккачини занонаи Эрон мунтахаби Тоҷикистонро голборон кард

Бо гузашти ду даври мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе Тоҷикистон натавонист холе ба даст орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар— Sputnik. Яккачини занонаи Тоҷикистон дар бозӣ бо тими занонаи Эрон дар Душанбе бо ҳисоби калон шикаст хӯрд.
Ин дидор дар доираи бозиҳои даври дувуми мусобиқаи Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои занонаи ҷавони то 18-сола рӯзи якшанбеи 13-уми март баргузор шуд.
Тими бонувони ҷавони Эрон ба дарвозаи тими Тоҷикистон ёздаҳ голи беҷавоб ворид кард.
Яккачини Тоҷикистон дар дидори аввалаш низ дар доираи ин мусобиқот аз Қирғизистон (0:1) шикаст хурда буд.
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Дар бозии дигари ин мусобиқа дар ин рӯз дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Ӯзбекистон бозиро мусовӣ карданд – 1:1.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ФФТ, пас аз ду даври бозӣ тими Эрон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали мусобиқот пешсаф аст.
Дастаи Қирғизистон бо чор хол дар зинаи дуюм қарор дорад. Мунтахаби Ӯзбекистон се зинаи аввалро (1 хол) банд кардааст.
Дастаи занонаи Тоҷикистон то ҳол ягон хол ба даст наовардааст.
Бозиҳои даври ниҳоӣ, сеюми Чемпионати CAFA-2022 рӯзи сешанбеи 15 март баргузор мешаванд.
Дар ин рӯз бозиҳои Эрон – Қирғизистон (14:00) ва Тоҷикистон – Ӯзбекистон (17:00) баргузор мешаванд.