ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон, ки барои тамринот дар шаҳри Гулистон қарор дорад, дастаи "Регар ТадАЗ"-ро шикаст дод.
Тибқи иттилои ФФТ, тими ҷавонон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон - 2022 иштирок мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ, дастаи ҷавонон дар гуруҳи "А" қарор гирифтаст. Дар ин ҷо рақибонаш дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон - "Фааайзканд" - и Восеъ, "Регар ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Эсхата"-и Хуҷанд шудаанд, омадааст дар иттилоия.
Дар марҳилаи аввали Ҷоми Лига - 2022 ҷавонон дастаи "Регар ТадАЗ"-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд. Ду голи Абдулло Шарипов ва як голи Абдулфаттоҳ Худойдодзода барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар оғозои Ҷоми Лигаи футболи ҷумҳурӣ 3 хол оварданд.
Марҳилаи дуюми мусобиқа 14 март дар назар аст. Ҷавонон бо "Эсхата" вориди майдон мешаванд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 16 март ба нақша гирифта шудааст, шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи "Файзканд" вориди майдон мешаванд.
Бар аосси қоидаҳои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ду дастаи барандаи ҷои аввал дар гуруҳҳояшон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мебароянд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, инчунин дар пайи анҷоми марҳилаи гуруҳӣ бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 3-4, 5-6, 7-8, 9-10 ва 11-12 баргузор мешаванд.