Расонаҳо: Маҳалли консулгарии ИМА аз Эрон мушакборон шуд - видео

Мақомоти тандурустии Ироқ мегӯянд, дар пайи мушакборон шудани минтақае дар шаҳри Ирбил касе кушта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Маҳалле дар шаҳри Ирбил, пойтахти Курдистони Ироқ ҳадафи партоби мушакҳо қарор гирифт.
Мушакҳо ба маҳалли ҷойгиршавии консулгарии ИМА ва дафтари телевизиони "Курдистон 24" партоб шудаанд, иттилоъ медиҳад пойгоҳи хабарии "Shafaq News" аз қавли мақомоти амниятии Ироқ.
"Мушакҳо дар макони консулгарии ИМА ва телевизиони "Курдистон 24", дар маҳаллаи Салоҳуддин афтиданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои ғарбӣ бо такя ба мақомдори ИМА навиштаанд, ки мушакҳо аз қаламрави Эрон партоб шудаанд. Мақомоти мубориза бо терроризми Курдистон низ изҳор кардаанд, ки партоби мушакҳо аз хориҷи ин кишвар сурат гирифта, дар маҷмуъ 12-то будаанд.
"Намояндаи Вазорати мудофиаи ИМА изҳор дошт, ки мушакборони шаҳри Ирбил аз қаламрави Эрони ҳамсоя сурат гирифтааст", - навиштааст "Associated Press".
Назари мақомоти Эрон фаълан дар бораи ин иддао маълум нест.