ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Артиши Русия сокинони ноҳияи Бородянскии вилояти Киевро беш аз 40 тонна кӯмаки башардӯстона кард, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
Қайд карда мешавад, ки ин қаламрав аллакай таҳти назорати артиши Русия қарор дорад. Ба сокинон маводи озуқа ва дигар ашёи лозим тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.