ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар анбори корхонаҳои калони истеҳсоли орди “Фаровон”, “Зерновая компания” ва “Зуҳал”-и вилояти Суғд захираи зарурии ғалла мавҷуд аст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ҳамчунин мақомоти Суғд хабар додаанд, ки воридоти ғалла аз хориҷи кишвар мунтазам ба роҳ монда шудааст.
“Соҳибкорон асъори хориҷиро бемамониат аз бонкҳо дастрас намуда, ғалларо ворид ва коркард карда истодаанд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Таъкид шудааст, ки ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан бо фаъолияти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли орду рӯған машғуланд, шинос гардид.
Зимни дидор масъулини корхонаҳо итминон доданд, захираи маҳсулот дар корхонаҳо мавҷуд буда, барои таъмини аҳолӣ бо орд аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
Таъкид шуд, ки ҳукумати мамлакат барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар вилояти Суғд барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҳар ҳафта ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд рӯзи ахир дар бозорҳои кишвар болоравии нархи орд мушоҳида мешавад. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як халта орд то 330 сомонӣ арзиш дорад.