Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора баста шуд: сабаб

Офатҳои табиӣ дигарбора боиси баста шудани яке аз роҳҳои асосии кишвар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Алоқаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дубора қатъ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ширкати IRS, ки масъули нигоҳдории шоҳроҳ аст, дар ин ҷода дастикам 9 тарма фаромадааст.
Дар ҳоли ҳозир бо кумаки техникаи вижа рафъи оқибатҳои тарма идома дорад. Хавфи фаромадани тармаҳои нав то ҳол боқӣ мемонад.
Дафтари матбуоти IRS изҳори умедворӣ мекунад, ки ба зудӣ ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боз мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳама роҳҳои тозашуда бо маводи зиддилағзиш коркард карда шудаанд.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Кормандони ширкат аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки то рафъи хатар аз сафар худдорӣ кунанд.
Қаблан Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик дар минтақа ҳавои ноустувор боқӣ мемонад.
Ин пеш аз ҳама чунин вазъи ҳаво ба оғози фасли баҳор ва гармшавӣ вобаста аст.
Ҳарорати баланд боиси об шудани барф дар кӯҳистон шуда, дар навбати худ боиси вайроншавии хок, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва дигар обанборҳо ва фаромадани ярчу тарма мешавад.