Ошуфтагии бозори арз дар Тоҷикистон. БМТ қурби рублу доллар ва евроро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар қиболи асъор эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар ҳоло 109 сомонӣ аст.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 14.3832 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устувор аст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 13 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар нишондиҳандаҳои поин нигоҳ медоранд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1000 рубл 90 -99 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Дар манбаи "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1000 рубл аз 96 то 130 ва дар "Алифбонк" аз 96 то 120 сомонӣ нишон дода шудааст.
Танҳо дар "Орёнбонк" пули русиро гаронтар аз дигарон мехаранд. Ин бонк 1000 рублро дар харид ва фурӯш аз 100 то 128 сомонӣ муқаррар кардааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.