ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина Қонун дар бораи мусодираи маҷбурии моликияти Русия дар қаламрави кишварашро имзо кард.
Ба иттилои РИА "Новости", Радаи Болоӣ эълон кардаст, ки мусодираи амвол маҷбурӣ, бидуни ҷуброни арзиши он сурат мегирад.
"Зеленский қонуни қабулкардаи Радаи Болоии Украинаро имзо кард, ки дар он меъёрҳои бунёдии мусодираи маҷбурии амволи марбути Русия ва резидентҳояш дар қаламрави Украина муқаррар шудаст", - омадааст дар иттилоия.
Ба татбиқи ин қонун Кумитаи умури рушди иқтисодии Украина машғул хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад.