Русия қарзҳои берунаашро бо рубл пардохт мекунад

Вазири молияи Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиро бо рубли русӣ пардохт мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Антон Силуанов, вазири молия Русия гуфт, кишвараш қарзҳои хориҷиашро бо рубл пардохт хоҳад кард ва рублҳоро баъд аз озод кардани захоири тилову асъори Русия метавон мубодила кард.
Силуанов дар ҷаласа бо раисҷумҳури Русия гуфт, “тартиби махсуси хидматрасонии қарзҳои хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳои давлатӣ муқаррар шудааст, мо уҳдадориҳои берунаи худро бо рубл пардохт мекунем ва мубодилаи онро бо асъори хориҷӣ пас аз озод кардани захираҳои тилову асъор анҷом медиҳем”, - гуфт вазири молия Русия.
Дар охири ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои уҳдадориҳо дар назди қарздорони алоҳидаи хориҷӣ” имзо кард. Пас аз он Бонки марказии Русия тавзеҳ дод, қарздорон аз кишварҳое, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, пардохтҳо бояд танҳо бо рубл аз тариқи суратҳисобҳои махсуси бонкӣ пардохт карда мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Масъалаи маргу зиндагӣ барои Русия: Лавров дар бораи амалиёт ва вокуниши Ғарб
Қарзи хориҷии Русия то 1 январи соли 2022, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, 478,2 миллиард долларро ташкил дод, ки аз он ба мақомоти идораи давлатӣ 62,56 миллиард доллар рост меояд.
Вазорати молияи Русия пас аз ин фармони раисҷумҳур эълом кард, ки уҳдадориҳои худро дар заминаи вомбаргҳои соҳибихтиёрӣ сари вақт ва пурра иҷро мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, пардохтҳо аз рӯи евробондҳои Русия ба резидентҳо бо рубл ва ба ғайрирезидентҳо тибқи асноди барориши онҳо сурат мегирад, аммо дар асл имкони чунин пардохтҳо ба он вобаста хоҳад буд, ки онҳо дар доираи таҳримҳои ҷорӣ анҷом дода мешаванд ё на.