Пентагон нақшаи амали артиши ИМА дар Украинаро ошкор кард

Сухангӯи Пентагон итминон дод, ки нақшаҳои низомии ИМА ихтилоф бо ҷониби Русияро дар бар намегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Артиши Амрико аз амалиёти вижаи Русия дар Украина дар канор хоҳад монд. Дар ин бора яке аз намояндагони воломақоми Пентагон хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки Иёлоти Муттаҳида артиши худро ба Украина намефиристад, зеро ҳеҷ кас дар Амрико намехоҳад бо Русия даргирии мусаллаҳона дошта бошад.

"Президент комилан рӯшан гуфт, ки низомиёни амрикоӣ дар Украина намеҷанганд, аз ҷумла осмони Украина. Дар ин бархӯрд ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст, касе дар пайи муноқишаи мусаллаҳона бо Русия нест", - гуфт Пентагон.

Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Путин бо Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард. Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Маскав гуфт, масъули ҷони хориҷиёни иштирокдори амалиёти низомӣ дар Украина нест
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол замон ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, узви Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.