Низомиёни пойгоҳи 201 нобудсозии гурӯҳи мухаррибро тамрин мекунанд

Низомиёни Русия истодагарӣ дар баробари ҳамлаи гурӯҳи истихборотӣ - тахрибкори "душман"-ро тамрин карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия размоиши нақшавиро барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Тамриноти низомӣ аз 14 то 18 март дар назар аст, изҳор дошт дафтари матбуотии Ҳавзаи марказӣ - низомии Русия.
Таъкид шудааст, ки беш аз ҳазор низомии пойгоҳи 201-ум дар 3 марҳила тамриноти тактикиро дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон баргузор мекунанд.

"Дар ҷараёни марҳилаи асосӣ ҳарбиён амалиёт барои муҳосира ва нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро тамрин мекунанд", - омадааст дар иттилоия.

Воҳидҳои пойгоҳ инчунин интиқоли фавриро амалӣ хоҳанд кард, ки дар давоми он ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳи истихборотӣ ва тахрибкор пас гардонда мешавад. Дар баробари ин барқарорсозии тавоноии ҷангиро амалӣ мекунанд.
Дар размоиш беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва махсус бо ҷалби чархболҳо кор бурда хоҳанд шуд.
Ҳатто пашша намегузарад. Таҳкими марзи Тоҷикистон дар қиболи таҳдидҳо аз Афғонистон
Маврид ба зикр аст, ки қаблан мутахассисони муборизаи радио-электронии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалиёти пинҳонсозии низомҳои мудофиаи ҳавоиро аз ҷониби истихбороти рақиби шартӣ тамрин карданд.
Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад.