ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, Минск наметавонад иҷоза диҳад, ки "ханҷар ба пушт"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия зада шавад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии президенти Беларус хабар медиҳад.
"Барои он ки онҳо (рақибон - шарҳ аз идора.) натавонанд хатти таъминоти артиши Русияро бибуранд ва ба ақиб рафта, ба мардуми Русия аз ақиб зарба зананд", - навиштааст хадамоти матбуотии президент аз қавли ӯ.
Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он бидуни натиҷаи назрарас анҷом ёфтааст.