Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Миср оғоз ёфт

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, роҳбари давлат аллакай ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арабии Миср расид. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони он кишвар истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 9 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Миср рафт
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи Душанбе Рустами Эмомалӣ, Муҳамадтоҳир Зокирзода, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ меафзояд, президентро вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод, саноат ва технология, маориф, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Палатаи савдо ва дигар мақомдорон ҳамроҳӣ менамоянд.
Бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ соли 2017 дар шаҳри Риёз дидору мулоқот карда буд.
Вазъи ҳассос: президенти Тоҷикистон бо дипломатҳои хориҷӣ аз вазъи ҷаҳон гуфт
Он замон кишвардорон ба зарурати беш аз пеш фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таъкид намуда буданд.
Аз ҷума бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида буд.