ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раисони ноҳияҳои Суғду Ботканд масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ карданд. Дар ин бора Лакимзода Абдумуъмин, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки дар мулоқоти рӯзи 8 март роҳбарони ноҳияҳои наздимарзӣ асосан тоза намудани наҳр (канал) ва кишту обёрии заминҳоро баррасӣ намуданд.
Ӯ гуфт, баъди мулоқоти Зафарбек Давлатзода ва Алмазбек Раҳмонқулов, ҳокимони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак, ҳоло техникаҳо ва коргарон ба тоза намудани иншооти байнисарҳадӣ шуруъ кардаанд.
"Рӯзи 8 март мо техникаҳоро (трактору экскватор) дароварда, беш аз 2 километр канали “Хоҷабоқирғон 2” -ро тоза намудем, рӯзи 9 март ҳам кор дар ин самт идома дорад. Мушкиле нест, дар доираи якдигарфаҳмӣ корҳо ба иҷро расонида мешаванд. Сарҳадбонони ду ҷониб ҷараёни корро назорат мекунанд", - гуфт Лакимзода.
Наҳри “Хоҷабоқирғон 2” аз зерсохти муҳими обрасонии киштзорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб шуда,15, 8 километр дарозӣ дорад. Он аз сарҳади миёни шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” сар шуда, аз тариқи деҳоти Борбодук ва Арқаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мегузарад.
Тавассути “Хоҷабоқирғон 2”, ки дар он ду пойгоҳи обкашӣ (насос) насб шудааст, 8 ҳазор ҳектор замини зироати ҷамоатҳои Хистеварз, Овчи-Қалъача, Ғозиён ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва инчунин наздик ба 2 ҳазор ҳектор аз киштзорҳои деҳоти ноҳияи Лайлак обёрӣ карда мешаванд.
Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон навоҳии наздимарзии аграрӣ буда, умдатан сокинони онҳо аз ҳисоби кишту парвариши пахтаву пиёз ва боғи зардолу рӯзӣ ба даст меоранд.
Ахиран, дар миёнаи моҳи феврал мақомоти ин ду ноҳияи ҳаммарз барои ҳалли осоиштаи масоили сарҳадӣ мардуми ду тараф, асосан муйсафедонро дар тӯйхонаи “Раъно”-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сари як дастурхон гирди ҳам оварданд. Дар ин дидори деринтизор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22,5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Ахиран, баъди даргириҳои мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 ҷониби Қирғизистон марзашро ба рӯи Тоҷикистон баст ва ин вазъ қариб як сол боз идома дорад.
Роҳбарони навоҳии наздимарзии Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак дар доираи салоҳияти худ тасмим гирифтаанд, ки баргузории ҷаласаҳо ва сари дастурхон гирд овардани мардумони ду ҷонибро идома диҳанд. Ин тасмим метавонад рӯҳияи сулҳхоҳиро миёни мардумони наздимарзӣ бештар кунад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.