ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ ба ҳадди рекордӣ боло бурд.
Қурби расмии доллари амрикоӣ ҳоло дар кишвар 13 сомонӣ гуфта мешавад.
Ин ниҳод якбора давоми як шабонарӯз арзиши долларро 170 сомонӣ гарон кардааст.
То ин болоравӣ дар кишвар 11,30 сомонӣ барои як доллар медоданд.
Дар баробари доллар Бонки милли асъори аврупоиро беш аз 180 сомонӣ дар давоми 24 соати гузашта боло бурдааст.
Як рӯз қабл дар кишвар 1 евро 12.3486 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло бошад, он ба қимати 14.1908 сомонӣ фурӯхта мешавад.
6 феврали 2022, 12:18
Қурби пули русӣ бошад, каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл дар ҷумҳурӣ 99 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол нишондиҳандаҳои бонкҳои тиҷории Тоҷикистон махсусан дар фурӯш болотаранд
Дар бонки "Эсхата" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби 1 доллар зимни харид 12 сомонию 98 дирам ва зимни фурӯш 13 сомонӣ муқаррар шудааст.
Мизони харидуфурӯши 1 доллар дар "Алифбонк" низ чунин муқаррар шудааст.