ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия супориш додааст, ки алайҳи омодагии мақомоти низомии Украина барои ҳамла ба Донбасс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.
"Бастрикин Сарраёсати тафтишотиро муваззаф намуд, ки тамоми ҳолатҳои омодагии гурӯҳи зарбазани Гвардияи миллиро барои ҳамла ба ҷумҳуриҳои Донетску Луганск таҳқиқ намоянд", - хабар дод Кумитаи тафтишотии Русия.
Ба иттилои манбаъ, муфаттишон муваззаф шудаанд, ки далелҳоро ҷамъоварӣ кунанду тамоми афроди дастандаркорро мушаххас намоянд, то онҳо дар оянда ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Инчунин дастур шудааст, ки ҳар ҳолати тирпарронӣ сӯйи Донбасс ба қайд гирифта шаваду нафароне, ки дар ин амалҳо даст доранд, мушаххас шаванд.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия гуфт, санадҳои махфиеро ба даст овардааст, ки дар он нақшаи Гвардияи миллии Украина барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Донбасс инъикос ёфтааст.
Генерал Игор Конашенков, намояндаи Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, ҳуҷҷатҳои бадастовардашуда дурӯғ будани изҳороти қаблии мақомоти Украина дар бораи ҳалли қазияи Донетск ва Луганск аз тариқи музокиротро собит менамоянд. Ба гуфтаи Конешенков, дар ҳуҷҷатҳои дарёфтшуда аз тарафи Русия имзои фармондеҳи Гвардияи миллии Украина, генерал-полковник Николай Балан аз 22 январи соли 2022 гузошта шудааст.
Таъкид шудааст, ки ин ҳамла ба Донбасс моҳи марти соли равон дар назар буд, аммо амалиёти низомии Русия дар Украина аз он пешгирӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.