ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Лондон аз бархӯрди табъизии толибҳо ба идораи давлатӣ нигарон аст. Дар ин бора Саймон Мэнлӣ, сафири Бритониё дар СММ ва намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женева гузориш додааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ хабар медиҳад.
Ӯ гуфтааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи занони фаъол аз ҷониби толибҳо саркӯб мешавад, ақаллиятҳо таъқиб, ҳабс ва ронда мешаванд.
Дар ин росто аз ҷунбиш даъват шудааст, ки ваъдаи худро дар бораи афви умумӣ иҷро кунад ва қазияи куштори ғайриқонунии низомиён ва хидматчиёни давлати собиқро тафтиш кунад.
Бритониё аз иқдомоти толибон барои боз кардани донишгоҳҳо ва ваъдаи кушодани мактабҳо дар моҳи март истиқбол мекунад, аммо таъкид мекунад, ки он танҳо амалҳои онҳоро доварӣ хоҳад кард, на суханашонро.
Ёдрас мешавем, ки аксари намояндагони ҳукумати толибҳоро паштунҳо ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки бино ба гузориши мақомоти Русия ва Тоҷикистон, наздики 40 фисади шаҳрвандони Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои эътирофи ҳукумати толибҳо ҳамашумул будани ҳукумати онҳо гуфта мешавад.