ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хондааст.
Ин нуктаро Зеленский дар посух ба хабарнигори шабакаи телевизионии ABC баён дошт, ки аз президенти Украина дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск суол кард.
"Мо метавонем масоили марбути минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва ҷумҳуриҳои эътирофнашударо баррасӣ намоем, дар мавриди тақдири ояндаи ин минтақаҳо муросо кунем", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Зеленский.
Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд, ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст.
Зеленский ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба гуфтушунид ва барқарорсозии муколама даъват кардаст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.
Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳури Русия, ки роҳбарии ҳайати ин кишвар дар музокирот бо Украинаро ба уҳда дорад, ахиран изҳори умед кард, ки дар масъали Қрим ва Донбасс роҳи ҳаллро пайдо хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Украина ин корро тақрибан ғайриимкон хонд.
"Онҳо мегӯянд, ин тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба назари ман, байни "ғайриимкон" ва "тақрибан ғайриимкон" фарқи калонест", - такъид намудааст ёвари президенти Русия.
Вай бо зикри аҳамияти аввалиндараҷаи ин масъала барои Маскав изҳори умед намудааст, ки "дер ё зуд мо роҳи ҳаллро пайдо хоҳем кард".
То ҳол се даври музокирот - рӯзҳои 28 феврал, 3 ва 7 март дар қаламрави Беларус баргузор шудаанд. То ин дам ҷонибҳо аз тавофуқот барои ташкили долонҳои гуманитарӣ барои тахлияи минтақаҳои даргир аз аҳолии осоишта, интиқоли дору ва маҳсулоти ниёзи аввал хабар доданд.