ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-и худ аз мардуми Украина даъват кард, ки нагузоранд, онҳоро чун сипар истифода намоянд.
Вай навиштааст, “Украина як кишвари зебоест, ки дар он мардуми меҳрубон ва зебо зиндагӣ мекунанд” ва қайд кард, русҳо мисли украиниҳо намехоҳанд касе ба сулҳу равобит дар ин кишварҳоро халалдор кунад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло Украинаро "Бандерҳо ҳамроҳ бо Зеленский" идора мекунанд.
Вай афзуд, Вашингтон, ки Киевро "ба хотири бозиҳои сиёсӣ ва низомии худ" истифода мекунад.
"Дар ниҳоят алайҳи ин режими фашистӣ садо баланд кунед. Русия ва Беларус ба шумо як долон медиҳанд, ки тавассути он ба назди бародароне, ки омодаи дидор бо шумо ҳастанд, биёед, балки на ба сӯйи Амрико”, - хулоса кард ӯ.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.