ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия дар рӯзи душанбе 14 ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина, аз ҷумла "Байрактар"-ро сарнагун карданд. Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия ба РИА "Новости" хабар дод.
"Шаби гузашта ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонӣ ва дифои ҳавоии низомии Русия боз се Су-27-и нерӯҳои ҳавоии Украина дар вилояти Полтава, як Су-25 дар вилояти Гостомел ва ду чархболи Ми-24 дар вилояти Макаровро суқут доданд. Ҳамчунин ҳашт ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла "Байрактар ТБ-2" низ маҳв шуд", - гуфт генерал.
Вай гуфт, ки се системи мушакии зиддиҳавоии "Бук" М1 ва ду истгоҳи радиолокатории қувваҳои мусаллаҳи Украина аз тариқи ҳавопаймоҳои бомбандоз ва ҳамлаи заминӣ нобуд шуданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.