Ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Белград баромаданд. Фаъолон дар маркази шаҳр, дар назди ҳайкали Николай II чамъ омаданд.
Сокинони маҳаллӣ аксарият бо парчамҳои Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Иштирокчиён "Сербистон бо Русия" гуфта шиор сар медоданд.
Боз як иқдоми мушобеҳ дар Черногория низ баргузор шуд. Таҷаммуъгарон сурудҳои ватандӯстии сербҳоро месароиданд ва шиорҳои "Стоп НАТО!" ва "Русия ва Сербия, ба мо Иттиҳодияи Аврупо лозим нест", "Путин! Путин!", "Зинда бод Сербистон! Зинда бод Русия!" сар медоданд.
Раҳпаймоиро ду мошини пулис ҳамроҳӣ карданд, ки ҳаракати нақлиётро баста, эътирозгаронро пеш бурданд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.