Кремл гуфт, Ғарб наметавонад Русияро дар инзивоъ қарор диҳад ва шарҳ дод чаро

Дар Кремл бовар доранд, ки Ғарб бо роҳандозии таҳрим наметавонад Русияро дар муҳосира қарор диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҷаҳон аз ҳад бузург аст, ки ИМА ва Аврупо тавонанд Русияро дар инзивоъ қарор диҳанд, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл.
Песков мегӯяд, бо ИМА шабакаҳои муайяни муколама феълан ҳифз шудаанд.

"Бешак, худдорӣ аз муносибот матраҳ аст, аз ҷумла қатъи равобити иқтисодӣ, роҳандозии маҳдудиятҳо аз ҷониби Аврупо, ИМА, Канада, Ҷопон ва бархе кишварҳои дигар ҷой доранд, аммо ин маънои инзивои Русияро надорад", - гуфт Песков.

Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити паҳноварии ҷаҳон ИМА ва Аврупо қодир нестанд, кишвареро дар инзивоъ қарор доданд, махсусан давлати бузурге чун Русияро.
"Тавре медонед, дар ҷаҳон кишварҳо зиёданд, ки хирадмандонатар ба раванди муносиботи байналмилалӣ бархӯрд мекунанд. Барои ин мо авлотар медонем, балки муътақидем, ки набояд дар бораи инзивоъ гап занем", - таъкид кард сухангӯи президенти Русия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маск масдудсозии расонаҳои Русияро рад кард
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар пасманзари таҳримҳои Ғарб, ки на танҳо ба иқтисод, балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир расондаанд, гуфт, ин давлатро дар инзивоъ гузоштан ғайриимкон аст. Ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Al Jazeera" таъкид намуд, ки Русияро дар инзивоъ қарор додан имконнопазир аст, чун ин кишвар дӯстони зиёде дорад.