Нотаи Маскав ба сафири ИМА барои суханони сенатор Грэм дар мавриди Путин

Вазорати умури хориҷии Русия ба сафири ИМА дар Маскав нотаи эътирозӣ супоридааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Нотаи эътирозӣ дар робита ба суханони зӯргӯёнаи сенатор Линдси Грэм дар мавриди президенти Русия ба сафири ИМА дар Маскав супорида шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Русия, Маскав изҳороти Грэмро даъвати террористӣ медонад. Таъкид шудааст, ки суханони ӯ ҳамчун сӯиқасд ба ҷони ходими давлатӣ баҳогузорӣ шуда, ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад.
Русия аз беамалии ИМА дар мавриди изҳороти Грэм интиқод намуда, изҳор доштааст, ки он ба муносиботи ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сафорати Русия дар ИМА расман тавзеҳ ва маҳкумсозии суханҳои сенатор Линдси Грэм дар мавриди Владимир Путинро талаб карда буд.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА чунин изҳоротро номақбул хонда, онро баёнгари нафрату русбезорӣ арзёбӣ кардааст, ки дар ҷомеаи амрикоӣ авҷ гирифтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи музокирот бо Украина: Маскав посухи Киевро интизор аст
"Боварнакарданист, сенатори кишваре, ки арзишҳояшро ба ҳайси "ситораи роҳнамо"-и тамоми башарият муаррифӣ мекунад, метавонад ба террор ҳамчун василаи дастёбии Вашингтон ба аҳдофаш дар саҳнаи байналмилалӣ даъват кунад", - таъкид карда буд сафир.
Антонов аз ояндаи ИМА нигаронӣ кардааст, ки дар раъси идораи он "чунин сиёсатмадорони бемасъулият ва ғайрикасбӣ қарор доранд".
Маврид ба зикр аст, ки сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм дар саҳифааш дар "Twitter" навишт, он нафаре, ки "ин мардро (ишора ба президенти Русия Владимир Путин - идора) нобуд мекунад, барои кишвар ва ҷаҳон хизмати бузурге мекунад".
Сиёсатмадор суол гузоштааст, ки "оё Русия Брут ва Клаус Штауффенбергҳои худро надорад?". Ин ду нафари таърихие мебошанд, ки барои сӯқасдашон ба ҷони роҳбари давлат шинохтаанд.
Аз ҷумла Брут қасд ба ҷони Юлий Сезар ва Штауффанберг қасд ба ҷони Адолф Ҳитлер карда буд.