ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бонки милли Тоҷикистон қурби асъорро нисбат ба сомонӣ эълон кард
Тибқи нишондоди ин ниҳод, рӯзи 5 март расман дар кишвар 1000 рубл 102 сомонӣ арзиш дорад.
Ин ниҳоди танзимкунанда асъор давоми 10 рӯзи ахир қурби рублро 39 сомонӣ ва бонкҳои тиҷоратии кишвар беш аз 50 сомонӣ коҳиш додаанд.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар кардаанд.
Бонки "Эсхата" қурби рубли русиро поёнтар аз дигарон муқаррар кардааст. Дар ин бонк 1000 рубл зимни харид 91 сомонӣ ва зимни фурӯш 96 сомонӣ муқаррар шудааст.
Арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубл дар "Алифбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон низ мутаносибан муодили 91 ва 125 сомонӣ мебошад.
Бар асоси нархномаи асъор, ки дар сомонаи "Ориёнбонк" нашр шудааст, қурби 1 ҳазор рубл зимни харид 100 сомонӣ муқаррар гардидааст. Фурӯши 1000 рубл дар ҳадди 130 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Дар "Спитаменбонк" 1000 рубл дар зимни харид 91 ва дар фурӯш 115 сомонӣ ва дар ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" бошад, муттаносибан 91 ва 93 мубодила мешавад.
Дар мавриди қурби пули амрикоӣ бошад, он устувор, 11,30 сомонӣ барои як доллар аст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфта, дар ҳудуди 12,34 сомонӣ барои як евро қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол сокинон мегӯяд, дар бонкҳо ва ташкилоти қарзии кишвар на рубл мефурӯшанду на доллар.
Бобоҷон Сафаров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз нуқтаҳои "Ориёнбонк", "Амонатбонк", "Спитаменбонк" ва "Эсхата" дар маркази шаҳр дидан кард, аммо натавонист асъор бихарад.
"Кормандони бонкҳо танҳо мегӯянд, ки "ҳоло асъор надорем ва ё мунтазир шавед, ягон нафар асъор орад, мефурӯшем" ё баъзан аз ироаи шарҳ дар ин хусус худдорӣ мекунанд",- афзуд Сафаров.
Ичунин Исҳоқ Ҷонмардов, сокини дигар пойтахт низ таъйид кард, ки бонко рублу долларро мехаранд, аммо намефурӯшанд.