Натиҷаи хуби муштзанҳои тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар набард бо ҳарифони худ омодагии ҷиддӣ диданд ва натиҷаи хуб нишон доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik Дар шаҳри Уммони Урдун рӯзи дувуми мусобиқоти Қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон баргузор шуд, хабар медиҳад Конфедератсияи бокси Осиё.
Дар чаҳорчӯби мусобиқот рӯзи 3 март аз Тоҷикистон 6 варзишгар ба майдон баромаданд ва 4 нафари онҳо тавонистаанд ба даври баъдӣ роҳ ёбанд.
Ҳамин тавр дар вазни то 48 кг Меҳроч Зоидов дар қувваозмоӣ бо ҳарифаш аз Тайланд Титиват Флонгаурай пирӯз шуд.
Пас аз як соли қатли Навиди Афкорӣ дар Эрон боз ба як қаҳрамони бокс ҳукми эъдом доданд
Дар вазни то 51 кг Асламҷон Қурбонов ҳарифи филиппинии худ Ҷон Уэйн Виссер ва Бузургмеҳр Эҳсонов дар вазни то 54 кг бар Афзалхони покистонӣ дастболо шуданд.
Инчунин Абдураҳим Ёқубов дар вазни то 60 кг аз варзишгари Тайланд Физит Фаочантек ғолиб омад.
Дар маҷмӯъ, аз рӯи натиҷагирии ду рӯз 7 муштзани тоҷик ба даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфт.
Мусобиқа 4 март низ идома меёбад ва дар ин рӯз Тоҷикистонро Усмоншоҳ Усмонов дар вазни то 66 кг ва Аъзам Фозилов дар вазни то 75 кг муаррифӣ мекунанд.
Нахустӣ бо ҳарифи ӯзбекистонӣ, Ҳоҷиакбар Қудратов ва дувумӣ бо варзикори қирғиз Муҳаммадазиз Зокиров вориди майдони рақобат мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур то 15 март идома мекунад.