Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: Ба таҳлука наафтеду қавонини Русияро риоя намоед

Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кардааст, ки ба таҳлука наафтанд ва зимни будубош дар ин Русия меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории ин кишварро риоя намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар даъват кардааст, ки вобаста ба ваъзи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука наафтанд, зимни будубош дар ин кишвар меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Русияро риоя намоянд.
Намояндагӣ қайд кардааст, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии “Сахарово” тибқи тартиби муқараргардида, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамояд.
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ баъзе аз блогерон ва шахсони манфиатҷӯ дар иртибот ба фаъолияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии “Сахарово” ҳар гуна овозаҳои беасос паҳн мекунанд.

“Шаҳрвандони мо ба ин гуна хабарҳои беасос бовар накарда, барои пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) метавонанд аз соати 8:00 то 20:00 ба маркази мазкур, ки дар суроғаи вилояти Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское ҷойгир мебошад, муроҷиат намоянд”, — гуфт Каримҷон Салимзода.

Ниҳоди давлатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки ҳангоми пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) аз хидматрасониҳои бонкҳо истифода намуда, баргаи (чек) онро бо худ нигоҳ доранд.
“Дар иртибот ба ваъзи баамаломадаи бонкӣ пардохти пеш аз муҳлати он (2-3 рӯз пеш) ба манфиат мебошад. Ҳамзамон дар ин давра ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки вобаста ба тағийрёбии қурби асъор аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд”, - таъкид кард Салимзода.
Инчунин қайд карда шудааст, ки пеш аз убури сарҳади давлатии Русия маълумоти худро аз махзани маълумотии Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди манъи вуруд тафтиш намуда, баъдан сарҳади давлатиро убур намоянд.
Сабти изи ангушт барои муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад
Ҳамзамон намояндагӣ ёдовар шудааст, ки дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимоли сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат зиёд гардида, бинобар ин он тавсия додааст, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми оғози фаъолият бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботҳои шартнома фаъолият намоянд.
“Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонида шуда, нусхаи онро ҳатман маҳфуз доранд”, - илова кардааст намояндагии вазорати меҳнат дар Русия.