Тоҷикистон ният дорад, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 190 миллион доллар масраф кунад

Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 192,8 миллион доллар масраф хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар охири соли гузаштаро беш аз 3,2 миллиард доллар гуфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Қарор аст, дар соли равон 192,8 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷӣ масраф шавад, ки ҳудуди 105 миллион доллари он барои пардохти қарзи асосӣ ва 87,8 миллион доллар барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Эксимбонки Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушди Исломӣ мебошанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 702,5 миллион доллар қарзу грант аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ҷалб мекунад.
Мақомот: Рушди иқтисод дар соли 2022 на кам аз 8 дарсад хоҳад буд
Вазорати молия иддао дорад, ки дар соли равон ҷалби беш аз 7,9 миллиард сомонӣ (702,5 миллион доллар) қарзу кумакҳои молиявии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида дар назар аст.
Беш аз 3,2 миллиард сомонӣ (286,8 миллион доллар) аз ин маблағҳо маблағҳои қарзӣ хоҳанд буд. Ҳаҷми маблағҳои грантӣ беш аз 4,6 миллиард сомонӣ (415,6 миллион доллар) хоҳад буд.
Ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии буҷет ва ғайра ҷалб карда мешаванд.