Фаромадани шаш тарма дар як рӯз дар ВМКБ: КҲФ маконҳои хатарнокро гуфт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳии кишвар хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар як рӯз шаш бор тарма фаромадааст, аммо феълан роҳ боз аст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бегоҳии 1 март дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми шоҳроҳи Хоруғ - Ишкошким, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, се бор фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар километри 7, 8 ва 24-уми шоҳроҳи Хоруғ – Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ убур мекунад, се бор тарма фаромадааст.
Гуфта мешавад, ки барои тоза кардани роҳҳо кормандони Вазорати нақлиёт бо техникаи махсус ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.

"Айни замон корҳои тозакунии роҳҳо ба анҷом расида, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст", - омадааст дар хабар.

Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии Хатлон, вилоятҳои Суғд, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як бархе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма, селу сангрезахо боқӣ мондааст.
Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд
Манбаъ афзуда, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои кӯҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои кишвар пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои наҷотбахши вокуниши сареи кумита гурӯҳи посбонӣ ташкил шудааст.
Дар робита ба ин кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.