ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Ҳудуди сад нафар аз донишҷӯён ва шаҳрвандони Эрони муқими Украина аз тариқи Лаҳистон ва бо парвози ихтисосии ширкати ҳавопаймоии Эрон вориди фурудгоҳи Теҳрон шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Аввалин гурӯҳи эрониёнро шахсан Муҳаммад Муҳаммадибахш, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва масъулони Фурудгоҳи Имом Хумайнӣ истиқбол гирифтанд.
Дар рӯзҳои ахир Вазорати умури хориҷии Эрон ва сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои аврупоӣ талоши густардае барои бозгашти эрониёни муқими Украина ба ин кишвар карданд.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш мақомоти Эрон аз омодагии худ барои баровардани шаҳрвандонашон аз Украина эълон карда буданд.
То ҳол Эрон шумори дақиқи шаҳрвандонашро, ки дар Украина кору зиндагӣ мекарданд, эълон накардааст.
Амалиёти вижаи Русия дар Украина
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.