Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Аврупо ҳафт бонки Русияро аз SWIFT ҷудо кард

Сухан дар бораи системае меравад, ки ба ҳамаи муассисаҳои молии ҷаҳон имкон медиҳад, ки маълумотро дар бораи муомилоти ҷорӣ ирсол ва қабул кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар доираи таҳримҳои навбатии зидди Русия Иттиҳодияи Аврупо ҳафт бонки Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба ин рӯйхат бонкҳои ВТБ, "Россия", "Откритие", "Новикомбонк", "Промсвязбонк", "Совкомбанк" ва ВЭБ дохил мешаванд. Илова бар ин ҳоло ба Русия интиқоли евро ба истиснои баъзе аз ҳолот мамнуъ аст.
Хадамоти матбуотии ВТБ итминон дод, ки қатъи ин бонкҳо аз SWIFT ба хидматрасонии муштариён дар Русия таъсир намерасонад ва вазъи кунунии муштариёни корпоративиро, ки интиқоли байналмилалӣ анҷом медиҳанд, тағйир намедиҳад.
SWIFT низомест, ки ба ҳамаи муассисаҳои молии ҷаҳон имкон медиҳад, иттилоъ дар бораи муомилотро ирсол ва қабул кунанд.
Пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ шудани таҳримҳои нав хабар доданд. Иттиҳодияи Аврупо амалиёти марбут ба идораи захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Русияро мамнуъ кардааст.
Якчанд созмонҳои бузурги молӣ, аз ҷумла "Сбербанк" ва ВТБ таҳти маҳдудият қарор гирифтанд. Барои баъзе ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармоя аз хориҷ мушкил аст.
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
Олмон раванди сертификатсияи лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ кард. Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида осмонро барои ҳавопаймоҳои русӣ бастаанд.
Дар Маскав хабар доданд, ки нақшаи чорабиниро пешакӣ тартиб додаанд. Мақомот таъкид карданд, ба соҳибкороне, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, ҳама гуна кумаки заруриро расонида, фаъолияти муътадили иқтисодиро таъмин хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ Русия ба баста шудани ҳарими ҳавоӣ вокуниш нишон дод. Бонки марказӣ фавран меъёри бозтамвилро то ба сатҳи рекордии 20-дарсадӣ боло бурд ва савдои саҳмияҳоро мутаваққиф кард, дар ҳоле ки Вазорати молия ба содиркунандагон амр дод, ки 80 дарсади даромади асъорро фурӯшанд.