ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Аз 1 март қоидаҳои нави вуруд ба Қирғизистон дар шароити пандемияи коронавирус эътибор пайдо кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ мусофир ҳангоми сабти ном барои савор шудан ба ҳавопаймо ё убури сарҳад бо мошин муваззаф аст, ба намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ё кормандони бахши санитарию карантинӣ шаҳодатномаи манфии ПСР, ки дар давоми 72 соати охир гузаронида шудааст ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваксинагирӣ дар шакли коғазӣ ё электронӣ бояд пешниҳод намояд.
Ба шахсоне, ки аломатҳои COVID надоранд, иҷозат дода намешавад, ки ба ҳавопаймо савор шаванд.
Ситод қайд мекунад, ки кӯдакони то 13-сола, ки бо ҳамроҳии волидон ё намояндагони қонунӣ парвоз мекунанд, аз риояи ин талаботи маофанд.
Агар муҳлати амали санҷиши ПСР (72 соат) бо сабабҳои объективии марбут ба парвоз, таъхири парвоз ва ғайра ба охир расида бошад, пас шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муваззафанд, аз санҷиши экспресс гузаранд.