Қарори шаҳрдори Душанбе барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар 5 соли оянда

Мақомот ҳадаф гузоштаанд, зеррасохтҳои варзишӣ ва теъдоди шаҳрвандони машғул ба машқи баданро афзоиш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе бо имзои як қарор нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026-ро таъйид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намудааст, ки дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи шарикони рушд тарзи ҳаёти солимро миёни сокинон густариш диҳанд.
Таъкид шудааст, ки ҳар нимсола аз чораҳои анҷомшуда ба ҳукумати Душанбе гузориш пешниҳод карда шавад.
Мошин ва даҳҳо ҳазор сомонӣ. Эълони ҷоизаҳои куштии наврӯзӣ дар Душанбе
Дар доираи барномаи миллии қабулгардида интизор меравад, теъдоди одамоне, ки мунтазам ба варзишу машқи бадан машғуланд, афзоиш дода шавад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, то аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 218 зерсохти варзишии шакли моликияташон гуногун фаъолият мекунад. Аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7 326 майдончаи варзишӣ, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмаи марказҳои солимгардонӣ ва 805 зерсохти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъоланд.
Манбаъ афзуд, соли 2021 дар Тоҷикистон 227 зерсохти варзишӣ, 7 варзишгоҳ, 163 майдончаи варзишӣ, 49 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маҷмаи солимгардонӣ бо харҷи 118 млн. сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки 32 млн. аз ҳисоби буҷаи давлат ва 86 миллиони дигараш аз ҳисоби сарпарастон сармоягузорӣ шудааст.