Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд

Пулиси халқӣ озод кардани ҳудуди ишғолкардаи Киевро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Пулиси мардумии ҶХЛ боз 15 маҳалли аҳолинишинро аз дасти нерӯҳои амниятии Украина озод кард.
Дар ин бора милисаи халқӣ дар канали худ дар "Telegram" хабар медиҳад.
"Қисмҳои шуъбаи мудофиа маҳаллаҳои аҳолинишини Путилино, Артема, Широкий, Шулгинка, Теплое, Нижнетеплое, Верхнетеплое, Плотина, Петровка, Бахмутовка, Герасимовка, Малина, Нижняя Олховая, Верхняя Олховая, Камишноеро озод карданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз ҷониби Путин қабул шуд.
Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
Ин ҷумҳуриҳо дар бораи интиқоли аҳолии осоишта эълон карданд. Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президент ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармон дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард.
Нерӯҳои дарёӣ дурӯғи Зеленскийро таъйид карданд
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд: зерсохтҳои ҳарбӣ бо василаҳои дақиқ аз кор бароварда мешаванд.