Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ҶХД аз тирборон шудани Горловка аз ҷониби нерӯҳои Украина хабар дод

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина тирборони шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Мардумии Донетскро идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Минтақаи аҳолинишини Горловка, ки дар ихтиёри ҶХД қарор дорад, аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украина тирборон шуд.
Дар ин бора канали "Telegram"-и Ситоди дифои ҶХД менависад.
"Горловка мавриди тирборони шадид қарор гирифт... Дар деҳаҳои Михайловка, минаҳои ба номи Изотов, Комаров, хумпораҳои Голмовский таркиданд. Дар минтақаи кони Гагарин ва деҳаи Железная Балка задухӯрдҳо идома доранд", - гуфта мешавад дар хабар.
Деҳаҳои Байрак ва Русский Край низ зери тирборони шадид қарор доранд. Раёсат мегӯяд, чанд нафар захмӣ шудаанд.
Қайд карда мешавад, ки дар натиҷа қисми зиёди Горловка аз нерӯи барқ ​​маҳрум шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
Ситоди дифои ҶХД аз идомаи тирборони шаҳр хабар медиҳад.
Шаҳраки Горловка аз соли 2014 зери назорати ҶХД буд ва дар 50-километрии шимоли Донетск ҷойгир аст. Дар ҳудуди он корхонаи ангишт ва корхонаи кимиёии "Стирол" воқеанд.
Аксари нерӯҳои мусаллаҳи Украина канори шаҳрро, ки он ҷо минакорӣ шудааст ва низ деҳаи Зайтсев он ҷо ҷойгир аст, тирборон мекунанд. То оғози даргириҳо дар Донбасс дар ин ҷо 250 000 нафар зиндагӣ мекард.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта хабар доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.