ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи қарори Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, ҳукумати ин кишвар барои харидани саҳмияҳои ширкатҳои Русия, ки зери таҳримҳои Ғарб қарор гирифтаанд, як триллион рубл ҷудо мекунад.
"Вазорати молияи Русия дар соли 2022 харидории саҳмияҳои эмитентҳои Русия аз ҳисоби Бунёди сарвати миллӣ ба маблағи на бештар аз як триллион рублро бо шартҳои муайянкардаи Вазорати молияи Русия анҷом диҳад”, - гуфта мешавад дар санади мазкур.
Гуфта мешавад, ки барои иҷрои фармоиш ин ниҳоди молӣ ҳуқуқ дорад, корпоратсияи давлатии ВЭБ РФ ва ташкилотҳои молиявии махсусро ҷалб намояд.
Илова бар ин Мишустин гуфт, ҳукумат дар пасманзари фишори сиёсии Ғарб ба тиҷорат лоиҳаи фармони раисҷумҳур дар бораи манъи муваққатии хуруҷи дороиҳои хориҷӣ аз Русияро омода кардааст.
Тавре нахуствазир тавзеҳ дод, мақомот интизор доранд, онҳое, ки дар Русия сармоягузорӣ кардаанд, метавонанд дар ин ҷо кори худро идома диҳанд.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав хабар доданд. Якчанд муассисаи бузурги молӣ, аз ҷумла "Сбербанк" ва ВТБ низ таҳти маҳдудият қарор гирифтанд. Якчанд бонк аз SWIFT низ қатъ карда шудаанд.
Барои баъзе ширкатҳои давлатӣ ҷалби сармоя аз хориҷ мушкил шуд. Олмон раванди иҷозатномадиҳии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ кард. Аврупо фазояшро барои ҳавопаймоҳои русӣ баст.
Ёдовар мешавем, ин ҳама таҳримҳо баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина оғоз ёфт.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.