ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск изҳор дошт, ки басичи низомии умумӣ поён ёфт.
Ӯ зимни шарҳи ин иқдом гуфт, теъдоди зарурии афрод барои ниёзҳои низомӣ аллакай ҷалб шудаанд.
"Сафарбарсозӣ мутаваққиф шуд, чун теъдоди зарурии одамон дар он самтҳое, ки ҳадаф гузошта шуда буд, ҷалб гардиданд", - тавзеҳ дод Пушилин зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24".
Қаблан, дар пайи ташаннуҷи вазъ мақомоти Луганск ва Донетск сафарбарсозии ҳамагониро эълон карда, бархе минтақаҳоро аз сокинони осоишта тахлия намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Дар дастуроти содиршуда таъкид шудааст, ки барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.