ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард, гуфт Фумио Кисида, нахуствазири ин кишвар ба хабарнигорон.
Ба гуфти сарвазир, Ҷопон алайҳи чанд нафар дар Беларус, аз ҷумла раисиҷумҳур Александр Лукашенко таҳрим ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".
"Дар мавриди таҳримҳо алайҳи Беларус, дар робита ба ин таҷовуз, бо назардошти дахолати ошкоро дар он мо алайҳи чанд нафар, аз президент Лукашенко ва созмонҳо таҳрим ҷорӣ карда, равобити воридотиро маҳдуд мекунем", - гуфт Кисида.
Ёшимаса Ҳаяшӣ, вазири умури хориҷии Ҷопон, қаблан дар порлумон гуфта буд, ки Ҷопон дар робита ба авзоъ дар атрофи Украина масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Беларус ва мақомоти баландпояи ҳукумати ин кишварро баррасӣ мекунад.
Ёдрас менамоем, ки Иттиҳоди Аврупо ва Канада низ алайҳи Путин ва Лавров эмбарго ҷорӣ кардаанд. Ба гуфтаи нахуствазир Ҷастин Трюдо, ин "маҷмуи сеюми таҳримҳои шадиди ҳамоҳангшуда" аст.
Ин таҳримҳо ба раҳбарияти Беларус низ барои кумаке, ки Ғарб онро ба "таҷовузи Русия" нисбат додааст, дахл кард, менависад РИА "Новости".
Канада инчунин ҷонибдори қатъи Русия аз системаи паёмнависии бонкии SWIFT аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст.
Пеш аз ин вай қайд карда буд, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, аз ҷумла агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.