ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен шоми якшанбе дар брифинг гуфт, Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия, аз ҷумла ҳавопаймоҳои хусусӣ пурра бандад.
"Мо ҳарими ҳавоиро ба рӯи русҳо мебандем. Мо пешниҳод мекунем, ки парвози ҳамаи ҳавопаймоҳои ба Русия тааллуқдошта, дар Русия сабтиномшуда ва таҳти назорати Русия манъ шавад. Ин ҳавопаймоҳо наметавонанд дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо фуруд оянд ва аз он ҷо парвоз кунанд", - гуфт ӯ.
Раҳбари Комиссияи Аврупо тавзеҳ дод, ки ин ба ҳама гуна ҳавопаймоҳо дахл дорад.
"Ин ба ҳама ҳавопаймоҳо дахл дорад: шахсӣ, иҷора гирифташуда ё ба таври дигар таҳти назорати шахси ҳуқуқӣ ё воқеии Русиябуда", - гуфт Фон дер Лейен.
Тавре дар як санади нашршуда дар маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, мамнуъият аз 28 феврал эътибор пайдо мекунад.
Амалиёти ғайринизомикунонии Украина
Рӯзи 21 феврал президенти Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи истиқлолияти онҳо фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безараргардонии Украина хабар дод.
Раҳбари Русия онро ҳадафи ҳифзи сокинони ҶХД ва ҶХЛ номид, ки ҳашт сол боз зери генотсид қарор гирифтаанд.
Вай таъкид кард, ки Русия кишвари ҳамсояро ишғол карданӣ нест. Путин аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки фармонҳои хоҷагони ҷиноияшонро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон раванд.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши виҷдони режими Киев хоҳад буд.
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки онҳо ба объектҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Украина зарба намезананд - танҳо инфрасохтори низомиро безарар мегардонанд.