Чин мухолифташро ба хуруҷи бонкҳои Русия аз SWIFT баён дошт

Ҷумҳурии Мардумии Чин мегӯяд, аз роҳандозии таҳримҳо мурод ҳосил намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Чин аз таҳримҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо алайҳи Русия эълон кардаанд, ҳимоят намекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Ван Вэнбин хабар дод.
Ба гуфтаи Вэнбин, бархе маҳдудиятҳо ба қавонини байналмилалӣ мухолифат мекунанд. Ин шева наметавонад ба масоили мубрам таъсире дошта бошад.

"Чин аз истифодаи таҳримҳо дар ҳалли масоил пуштибонӣ намекунад ва зиёда аз ин мухолифи таҳримҳои яктарафа мебошад, ки аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, бепояанд", - таъкид намуд ӯ.

Ин нуктаро дипломат дар посух ба суол дар бораи мавқеи Чин дар мавриди хориҷ кардани Русия аз низоми байналмилалии пардохтҳо - SWIFТ баён доштааст.
Ахиран ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳримоти густурдаеро алайҳи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина роҳандозӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба бахшҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва раводид дахл доранд.
Яке аз таҳримот хориҷ кардани Русия аз SWIFT буд, ки барои интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ метавонад мушкил эҷод кунад. Аммо гуфта мешавад, ки дар Русия аз дер боз гузинаи SWIFT - низоми интиқоли паёмҳои молӣ фаъолият мекунад.
Ба ин низом беш аз 330 ташкилот аз Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Швейтсария ва Куба пайваст мебошанд.
Оғози барқароршавии рубл баъди уфти якбора
Коршиносон мегӯянд, чунин маҳдудиятҳо ночор ба ташаббускорони онҳо зарба мезананд. То амалиёти Русия дар Украина алайҳи хориҷ кардани Маскав аз SWIFT чандин кишварҳои аврупоӣ изҳорот дода буданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон то ҳол танҳо як ҳолати хориҷ кардан аз SWIFT ҷой дошт. Аз ҷумла соли 2012 Эронро аз ин низом берун карданд, аммо баъди 3 сол дар пайи созиши ҳастаӣ онро ба ин низом баргардонданд. Аммо баъдан соли 2018 ин таҳримот дигарбора алайҳи Эрон ҷорӣ гардиданд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро 24 феврал оғоз кард, ки феълан идома дорад. Дар пасманзари амалиёт гуфтушунид миёни мақомоти Украина ва Русия дар қаламрави Белорусия оғоз гардидааст.