ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар қисми шимолӣ шабона 15-20 ва рӯзона 9-14 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбандаи бебориш арзёбӣ намуда, фаромадани тормеғро дар баъзе нҳияҳо пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.